Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи "Калид" барои тасвири дасти раҳбари олии Эрон баста шуд


Акси дасти раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ дар сафҳаи аввали нашрияи "Калид"
Акси дасти раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ дар сафҳаи аввали нашрияи "Калид"

Дар Эрон Шӯрои назорати матбуот як нашрияро баст, ки тасвири дасти ангуштаридори раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаиро дар мақолаи фақру бенавоии мардум истифода кардааст.

Алоуддин Зуҳуриён, раиси ин шӯро рӯзи 8-уми ноябр ба хабаргузории ИРНА гуфт, ки аъзои шӯро қарор карданд, ки парвона ё лисензияи нашрияи “Калид” бекор карда шавад. Маълум нест, ки ин қарор доимӣ ё муваққатӣ аст, чун Зуҳуриён шарҳи зиёд надод.

Як рӯз пеш аз ин "Маҳфили журналистони ҷавон", ки ба шӯрои назорати матбуоти Эрон рабт дорад, гуфт, ки нашрияи “Калид” барои саҳифаи аввали шумораи ахираш мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар рӯи ин нашрия дар канори номи мақола “Миллионҳо хонаводаи эронӣ зери хатти фақр” тасвири сурхранги дасти чапи раҳбари олии Эрон гузошта шудааст.

Танқид кардани раҳбари олии Эрон бино бар банди 27-уми қонуни ҷиноии Эрон манъ аст. Дар гузашта бо айбномаи ҳамсон парвонаи кори чандин нашрияи дигари ин кишвар ҳам бекор шудааст. Соли 2012 Департаменти давлатии ИМА Шӯрои назорати матбуоти Эронро ба унвони ниҳоди ҷорикунандаи сензура дар матбуоти Эрон танқид карда буд. Дар шохиси озодии матбуот, ки созмони "Гузоришгарони бидуни марз" ҳар сол нашр мекунад, Эрон аз миёни 180 кишвар дар ҷои 174-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG