Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба Қирғизистон беш аз ҳазор тонна ғизо фиристод


Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Чин ба Қирғизистон ҳамчун кумак 1150 тонна орд, 75 тонна шакар ва 50 тонна равғани растанӣ фиристодааст. Ҷонибҳо рӯзи 4-уми ноябр санади супоридан ва қабули ёриҳоро имзо карданд.

Соли 2021 барои Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хушксолӣ ва камобӣ ба бор овард. Бисёре аз кишоварзон натавонистанд, ҳосили хуб бигиранд ва чорводорон ба далели хушкӣ зиёни зиёд диданд.

Мақомоти Қирғизистон дар талоши таъсиси захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ, маводи хом ва хӯрокворӣ ҳастанд.

Улуғбек Марипов, раиси пешини девони вазирони Қирғизистон, гуфта буд, барои захираи маҳсулоти ғизоӣ аз буҷаи кишвараш 1,5 миллиард сом ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG