Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Домоди Назарбоев соҳиби шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ шудааст


Тимур Қулибоев
Тимур Қулибоев

Пас аз ним соли шахсӣ кардани "КазМунайГаз" (шабакаи давлатии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ) ширкати "Joint Technologies" ба шумори муассисони он шомил шуд.

"Joint Technologies" ба Тимур Қулибоев, домоди президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тааллуқ дорад. Дар ин бора маҷаллаи Forbes рӯзи 4-уми ноябр хабар дод.

Шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории "КазМунайГаз" моҳи апрели соли 2019 дар ивази 163 миллион доллар шахсӣ шуда буд. Ширкати шахсӣ эълом кард, ки нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро аз "КазМунайГаз" ба "Qazaq Oil" табдили ном мекунад.

Тимур Қулибоеви 54-сола роҳбари Эътилофи созмонҳои нафту газ ва маҷмуаи энержии KAZENERGY, узви шӯрои мудирони ширкати русии "Газпром", раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва роҳбари Федератсияи бокси Қазоқистон аст.

Дороии ӯву ҳамсараш Динара, духтари Назарбоев, 5,6 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG