Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон бо Қазоқистон маҳдудиятҳои марзиро баррасӣ дорад


Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон
Марзи Қирғизистон ва Қазоқистон

Қирғизистон бо Қазоқистон дар мавриди убури бемонеаи мошинҳои боркаш аз марзи ду кишвар гуфтугӯҳоеро анҷом медиҳад.

Дар ин бора муовини вазири иқтисоди Қирғизистон Бекболот Алиев 3-юми ноябр дар ҷаласаи порлумон хабар дод.

Вакили порлумони Қирғизистон Саматбек Ибраев гуфт, дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон дубора навбатпоиҳои дарози мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад. Ӯ аз муовини вазири иқтисоди Қирғизистон хост, сабаби навбатпоиҳоро шарҳ диҳад.

Бекболот Алиев изҳор дошт, ки аз навбатпоиҳои ахир хабар надорад, вале Қирғизистон бо ҷониби Қазоқистон барои бекор кардани маҳдудиятҳо ҳангоми убури мошинҳо аз марз аз соли 2019 ба ин сӯ гуфтугӯ мекунад.

Ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон пайваста мушоҳида мешавад. Баъзан дарозии сафи мошинҳои боркаш ба чандин километр мерасад. Дар гузашта сабаби ҷамъшавии мошинҳо дар марзи ду кишварро сахттар шудани санҷиш аз сӯи Қазоқистон мегуфтанд. Вале коршиносон онро "ҷанги тиҷорӣ" миёни ду кишвар меноманд.

XS
SM
MD
LG