Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Қазоқистон аз Русия техникаи низомӣ харидаанд


Зарбазани "Су-30СМ"
Зарбазани "Су-30СМ"

Русия имсол ба Узбекистон зарбазанҳои "Су-30СМ", чархболҳои "Ми-35М", муҷтамаҳои мушакии "Бук-М2Е", зиреҳпӯшҳои "БТР-80" ва "БТР-82А" фурӯхтааст.

Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев 1-уми ноябр ба РБК иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Шугаев, Узбекистон ҳамчунин аз Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10Э", зиреҳпӯшҳои сабукрави "Тайфун-К" ва силоҳ харидааст.

Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия​ афзудааст, Қазоқистон низ таҷҳизоти ҳамсонро дастрас кард. Аммо ӯ дар бораи теъдод ва арзиши техникаҳои низомии фурӯхташуда ба Узбекистон ва Қазоқистон иттилое надодааст.

Расонаҳо моҳи майи соли 2019 хабар доданд, ки Узбекистон ҳамкориҳои низомӣ-техникии худро бо Русия тақвият мебахшад.

XS
SM
MD
LG