Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон кӯмак мекунад


19 июни соли 2015. Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
19 июни соли 2015. Паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷопон ба паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон кӯмаки бебозгашти фаврӣ хоҳад кард. Дар хабарномаи сафорати ин кишвар дар Душанбе омадааст, аз ёрии ҳукумати Ҷопон кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон, Эрон ва Узбекистон бархӯрдор хоҳанд буд. Маблағи умумии кӯмак аз 65 миллион доллар иборат буда,ба Тоҷикистон тариқи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ 700 ҳазор доллар дода мешавад. Манбаъ меафзояд,Ҷопон кумакҳои башардӯстонаро тавассути ҳафт созмони байналмилалӣ барои таъмин бо манзил, бахшҳои беҳдошт, обрасонӣ, ғизо, кишоварзӣ ва маориф равона мекунад. Чанд рӯз қабл Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта буд,ки дар ду моҳи охир беш аз 15 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.

XS
SM
MD
LG