Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзони Узбекистонро маҷбур доранд, заминҳояшонро ба ихтиёри давлат супоранд


Замини пахта дар Узбекистон
Замини пахта дар Узбекистон

Кишоварзони ноҳияи Букини вилояти Тошканди Узбекистонро маҷбур доранд, ки "дар бораи ихтиёрӣ ба захираи давлатӣ интиқол додани заминҳояшон" ариза нависанд.

Яке аз кишоварзон гуфт, шахсан шоҳиди 30 ҳолате шудааст, ки аз кишоварзон иҷборан ариза гирифтаанд.

"Нахустин ҳолат рӯзи 17-уми октябр сурат гирифт. Он замон 20 кишоварз маҷбуран ариза навиштанд", - гуфт ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ.

"Мақомоти маҳаллӣ аз нерӯи мақомоти қудратӣ дар маҷбур кардани кишоварзон ба навиштани ариза истифода мекунанд", - мегӯянд кишоварзон.

Бо ин вуҷуд, мақомоти маҳаллӣ ин хабарҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG