Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба зидди ҳазораҳо “ҷиноят алайҳи башарият” донист


Оромгоҳи ҳазораҳое, ки дар ҳамлаҳои ДОИШ қурбон шудаанд
Оромгоҳи ҳазораҳое, ки дар ҳамлаҳои ДОИШ қурбон шудаанд

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳамлаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба зидди ҳазораҳо (ақаллияти шиа) дар Афғонистон ба “ҷинояти зидди башарият” баробар донист.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ масъулияти чанд ҳамла, аз ҷумла бомбгузориҳои маргталабонаро дар масҷиди ҳазораҳо (шиаҳо) дар Кундуз ва Қандаҳор ба уҳда гирифтааст. Дар ин ҳамлаҳо дар як моҳи охир тақрибан 150 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Гуруҳи тундрав рӯзи 29-уми августи имсол дар фурудгоҳи Кобул бомбгузории маргталабонаро низ анҷом дод, ки дар он 170 афғон, аксаран ғайринизомиён, кушта шуданд.

Патрисия Госсман, ёвари мудири бахши Осиё дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, 25-уми октябр дар изҳороте гуфт: "Ин гуруҳ борҳо ҳамлаҳои харобиоварро анҷом додааст, ки ба назар мерасад, ҳадафаш паҳн кардани терроризм ва расондани зиёни ҳадди аксар ба ҳазораҳои Афғонистон аст."

"Ҳамлаҳои сершуморе, ки ҳазораҳоро нишон гирифтаанд, ҷиноят алайҳи башарият мебошанд ва масъулони он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", -- омадааст дар изҳороти ӯ.

Ҳазораҳо севумин гурӯҳи бузурги қавмии Афғонистон ҳастанд, вале дар ин кишвари умдатан суннимазҳаб бо табъиз ва таъқиб рӯбарӯянд.

XS
SM
MD
LG