Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон 1,2 миллион коргар намерасад


Яке аз хиёбонҳо дар Олмон

Агентии федеролии меҳнат дар Олмон аз норасоии 70 навъи мутахассисон дар ин кишвар хабар додааст. Ба навиштаи хабаргузории "Мавҷи Олмон", дар ин кишвар 1,2 миллион коргар намерасад.

Маркус Йергер, як мақомдори Олмон гуфтааст, ки норасоии коргарон ва мутахассисон ба иқтисод зиён мерасонад. Ӯ даъват кардааст, ки аз кишварҳои дигар бояд мутахассисонро бештар барои кор даъват кунанд.
“Дар Олмон омӯзонидани 390 касб ҷараён дорад, вале касбомӯзон кам ҳастанд”,--гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Донишгоҳи иқтисодии Олмон, дар ин кишвар бештар коргарон дар соҳаи иҷтимоӣ намерасанд. Дар Олмон ба муҳандисони сохтмон, устоҳои таъмири таҷҳизоти хонаҳо ва ронандаҳои мошинҳои боркаш аз ҳама бештар ниёз будааст.

Дар Олмон феълан садҳо ҷавони тоҷик барои кор дар бахшҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хонаҳои пиронсолон ва мактаб-интернатҳо барои маъюбон барои кор ҷалб шудаанд, вале онҳо шикоят мекунанд, ки маоши зиёде барояшон пардохт намешавад.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҷӯи ба Русия мераванд ва омори дақиқи муҳоҷирони тоҷик дар Олмон маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG