Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Остин ва Бурчуладзе


Вазирони дифои ИМА ва Гурҷистон - Ллойй Остин ва Ҷавоншер Бурчуладзе
Вазирони дифои ИМА ва Гурҷистон - Ллойй Остин ва Ҷавоншер Бурчуладзе

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин, ки дар доираи як сафари минтақавиаш ба кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ вориди Гурҷистон шуд, гуфт, дар пешорӯи “фаъолиятҳои харобкоронаи” Русия мехоҳад пуштибониашро аз Тифлис намоиш диҳад. Баъди дар фурудгоҳи байналмилалии Тифлис поин шуданаш субҳи 18-уми октябр Остин дар саҳифаи Твиттераш навишт: “ИМА ӯҳдадор шудааст, ки дар тақвияти тавонмандиҳои дифоии Гурҷистон ва ҳаракати он ба сӯи ҳамгироии авруатлантикӣ мусоидат кунад ва ман аз мулоқотҳо дар он ҷо интизороти зиёд дорам”. Қарор аст пеш аз расидан ба ҷаласаи вазирони дифои узви кишварҳои НАТО, ки рӯзҳои 21-22 октябр дар шари Брюссел баргузор мешавад, Остин инчунин ба Украина ва Руминия ҳам сафар кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Пентагон ба Гурҷистон баъди соли 2014 мебошад. Дар Тифлис Остинро вазири дифои Гурҷистон Ҷавоншер Бурчуладзе ва сафири ИМА Келли Дегнан пешвоз гирифтанд.

Як мақоми баландпояи вазорати дифои ИМА як рӯз пеш аз ин гуфт, “Мо соҳибихтиёрии кишварҳоеро итминон ва тақвият медиҳем, ки дар сафи пеши таҷовузи Русия қарор доранд”.

Сафари мазкур мавриди истиқболи раҳбарияти Гурҷистон қарор гирифтааст, чун як ормони Тифлис узвияти комил дар паймони низомии НАТО мебошад. Гурҷистон як шарики ин эътилофи ғарбӣ ба шумор меравад.

Соли 2008 Гурҷистон ва Русия давоми панҷ рӯзи моҳи август вориди ҷанг шуданд ва аз он замон то имрӯз нирӯҳои Русия дар минтақаҳои Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон боқӣ мемонанд. Ин ду минтақа истиқлолияти худро аз ҳайати Гурҷистон эълон кардаанд, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ инро ба расмият нашинохтааст. Маскав тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то ки Гурҷистон ба узвияти НАТО шомил нашавад.

XS
SM
MD
LG