Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Изҳори ақида ҷиноят нест". Сухани охирини 13 фаъол дар Қазоқистон


Рӯзи 8-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон 13 фаъоли ҷамъиятӣ, ки дар "иштирок" дар созмони мамнуъ ва "ташкил"-и созмони ба ин монанд гунаҳкор мешаванд, дар додгоҳ сухани охиринашонро баён карданд.

Айбдоршавандаҳо гуфтанд, ки худро гунаҳкор намеҳисобанд ва аз додгоҳ хостанд, онҳоро озод кунад.

Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, танҳо риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро талаб карда, ҳеч рафтори ғайриқонунӣ содир нанамудаанд.

Нинагул Ҷумъаниёзова, яке аз фаъолон, ки ба додгоҳ кашида шудааст, гуфт, худро тундгаро намеҳисобад ва танҳо аз фаъолияти ҳукумати феълӣ интиқод кардааст.

"Изҳори ақида кардан, эътироз намудан, дар гирдиҳамоиҳо ширкат кардан ҷиноят нест. Ин фарҳанг аст. Мехоҳам, маро сафед кунед", - гуфт Ҷумъаниёзова.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои ин 13 нафар аз 1 соли маҳдудияти озодиҳо то 5 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG