Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP гуфт, "ҳамсари ғайрирасмии Назарбоев" чӣ гуна соҳиби $30 млн шуд


Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) муайян карда, ки Асел Курманбоева, ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як созиши офшорӣ 30 миллион доллар даромад ба даст овардааст.

Санадҳои дастрасшуда нишон додаанд, Курманбоева молики як ширкати пинҳоние буда, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Ба номи ин ширкат ҳеч дороие сабт нашудааст, вале Курманбоева тавонистааст, онро бар ивази 30 миллион доллар фурӯшад.

OCCRP мегӯяд, дар ин созиш ду олигарх ва ҷонибдори бовафои Назарбоев – Владимир Нӣ ва Владимир Ким – даст доранд. Курманбоева 30 миллион долларро соли 2010, баъди ду моҳи фавти Нӣ тавассути ширкате дарёфт кардааст, ки ба духтари олигарх ба мерос мондааст. Владимир Ким шоҳиди ин пардохт будааст.

"Курманбоева ва Назарбоев робитаҳои худро ҳеч гоҳ тасдиқ ё инкор накардаанд. Курманбоева баъди он ҳамсари дувуми Назарбоев номида шуд, ки дар озмуни "Зебосанами Қазоқистон" баранда шуд. Насаби ду писари Курманбоева дар шиноснома Нурсултонулӣ навишта шудааст. Дар Қазоқистон одатан насаби фарзандон аз номи падарашон гирифта мешавад", - навиштаанд муаллифони таҳқиқот.

Ба иттилои OCCRP, Курманбоева мудири эҷодии ду донишкадаи давлатии рақс дар Қазоқистон ва молики чандин ширкату бунёдҳо дар соҳаи балету рақси миллӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG