Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: тарҷумонҳои афғон, ки бо ҳолландиҳо кор кардаанд, таҳдид шуданд


Тарҷумонҳои афғонистоние, ки барои Нидерланди кор кардаанд, аз ҷониби “Толибон” амр гирифтанд, ки дар додгоҳ ҳозир шаванд. Телевизиони ҷамъиятии NOS гуфт, ки “Толибон” оилаҳои тарҷумонҳоро ҳам таҳдид карданд, ки дар сурати аз худ дарак надодани онҳо нисбаташон чораҷӯӣ мекунанд. Чандин тарҷумоне, ки дар замони ҳукумати рӯ ба ғарби Афғонистон бо ҳолландиҳо кор кардаанд, баъди омадани “Толибон” пинҳон шуданд ва оилаҳои онҳо ҳушдор гирифтанд, ки агар онҳо худро таслим накунанд, “ҳамчун дарс барои хоинҳои дигар шадидан муҷозот мешаванд”. Дар ин бора дар як номаи “Толибон” навишта шудааст, ки рӯзи 1-уми октябр дар телевизион нашр шуд. Дар матни номае, ки ба як тарҷумони собиқи идораи Европол дар Афғонистон ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки тарҷумон барои хориҷиҳо кор карда, “пули ифлосу мамнӯи онҳоро гирифтааст”. Телевизиони ҳолландӣ мегӯяд, ки бисёр дигар тарҷумонҳо ҳам айни чунин номаҳоро дарёфт кардаанд. Дар як номаи дигар омадааст: “Мо қассос мегирем. Агар мо шуморо қапида натавонистем, қасдамонро аз наздиконатон мегирем”.

Аз замони сари қудрат омаданашон дар моҳи августи имсол, “Толибон” аз собиқ ҳамкорони ҳукумати Афғонистон ва ҳам коргарони ҳукумат ва созмонҳои хориҷӣ талаб кардаанд, ки “тавба кунанд”. Ин гурӯҳи муҳофизакор инчунин гуфт, ки як афви умумии собиқ ҳамкорони ҳукуматҳои хориҷиро содир кардааст. Вале дар гузоришҳои СММ ва дигар гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфта мешавад, ки “Толибон” бо собиқ ҳамкорони сохторҳои ҳукумативу хориҷӣ бархӯрди баде доранд ва дар баъзе ҳолатҳо онҳоро боздошту қатл мекунанд.

XS
SM
MD
LG