Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷон меканем." Хушксолӣ ва мусибати кишоварзони Қазоқистон. ВИДЕО


Яке аз рӯдҳои хушкшуда дар Қазоқистон
Яке аз рӯдҳои хушкшуда дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон хушксолии бесобиқа ба сари мардуми кишоварзи баъзе аз минтақаҳо мусибат овардааст. Чорвояшон аз гуруснагӣ аз пой меафтанд ва кор то ба ҳадде расидааст, ки ба гӯсфанду шутуру аспҳояшон картонро бо сабӯс омехта ва тарит карда медиҳанд.

Хушксолӣ ва ҳоли табоҳи чарогоҳҳо дар Қазоқистон мардум ва кишоварзонро маҷбур кардааст, ки ба чорвояшон картон бидиҳанд. Тахмин мешавад, ки ҳазорон гову гусфанду шутур аз гуруснагӣ мурдаанд. Сокинон мегӯянд, чунин хушксолиро дар ёд надоранд. Хабарнигори Радиои Озодӣ шоҳиди чунин ҳол шуд ва мегӯяд, на сокинон ва на мақомот намедонанд, ки чӣ қадар аз чорво ба сабаби наёфтани алаф ба ин шакл ва бо марги тадриҷӣ ҷон додаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Марҷон Серикова, як чорводор ҳангоми сабти суҳбаташ чунин гуфт: “Ин шутур аз гуруснагӣ менолад ва илтиҷо дорад, ки хӯрок диҳам, вале аз куҷо гирам. Мо мехоҳем дар саҳро бичаранд. Ман 75-сола шудам ва чунин хушксолиро дар умрам надида будам. Чанд вақт пеш дар шаҳр шунидам, ки онҳо ба чорвояшон картон медиҳанд. Хешовандони мо ба бузҳояшон медодаанд. Мо ҳам дигар ин корро сар кардем. Зиндагии онҳое, ки ба шаҳр рафтаанд, беҳтар шудааст. Гӯшт мехӯранд. Мо инҷо ҷон меканем. Ҳеч чиз намесабзад, як дона сабза ҳам. Ман хӯрокашонро чунин омода мекунам. Обро ба картонҳои порашуда меандозем, пасмондаҳои хӯрок, андаке сабӯс изофа мекунем. Тариташонро дар инҷо нигаҳ медорем. Ба гӯсфандон ҳам медиҳем, дигар чизе нест. Ҳамаҷо пур аз магас аст, тарити картону магасҳоро якҷо мехӯранд.”

Дар Қазоқистон ба ҳамин сабаб картон камчин шуд. Ҳукумат барои он танқид шунид, ки чораҳои саривақтӣ наандешидааст. Мақомот баъдан содироти хӯроки чорворо манъ карданд ва гуфтанд, ки ба манотиқи осебдида ҷав мефиристанд, аммо ба гуфтаи кишоварзон, вазъ бадтар шуд.

Оринбасар Сеитов, кишоварз мегӯяд, эҳтимол дар сардӣ чорвояшонро аз даст диҳанд. "Аз гуруснагӣ меафтанд, мо дигар пуле барои харидани хӯрок барои онҳо надорем. Қиматаш ҳам болотару болотар меравад. Чорвои мо зинда намемонад, ҳамаашон мемиранд. Чӣ гуна бе обу хӯрок зинда мемонанд. Ин аспро дирӯз инҷо овардем. Медонад, ки зинда намемонад, бубинед, чӣ гуна нафас мекашад.".--гуфт ӯ.

Қазоқистон, яке аз бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ ҳаст. Аксари маҳсулоти ғалагӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мешавад. Хушксолӣ дар ин кишвар барои Тоҷикистон низ бетаъсир нест.

XS
SM
MD
LG