Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксолӣ дар Туркманистон: Чарогоҳҳо хушку чорвоҳо ҳалок шуданд


Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар вилояти Балкани Туркманистон ҳалокати дастҷамъонаи чорвоҳо ба далели хушксолӣ мушоҳида мешавад.

Сиёсати расмии иттилоотии Туркманистон иҷозат намедиҳад, ки вазъи хушксолӣ ва зарари расидаро дақиқ кард. Ба гуфтаи чорвопарварони туркман, ҳаво дар вилоят 45 дараҷа гарм аст. Ҳамаи чарогоҳҳои минтақа хушк шуда, шутуру чорвоҳои хурд аз беобӣ ҷон медиҳанд.

Хабари вазъи бади чорвопарварони Балкан бо мавриди истифода қарор гирифтани дастгоҳи бузурги обкашӣ дар рӯдхонаи Қаракум барои заминҳо дар ғарби Туркманистон ҳамзамон расонаӣ шуд.

"Онҳо барои хуб гузаштани маросими баҳрабардорӣ интиқоли об ба заминҳои Қиғиларбат, Махсумқулӣ ва Гаригалро қатъ карда, ҳавзи назди нассоси навро бо об пур карданд", - гуфт яке аз кормандони истгоҳи обкашӣ.

Вилояти Балкани Туркманистон бо вилояти Мангистауи Қазоқистон, ки аз хушксолӣ ранҷ мебарад, ҳамсарҳад аст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, танҳо дар моҳи июл дар ин вилоят беш аз ҳазор чорво ба иллати хушксолӣ ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG