Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксолӣ дар Қазоқистон боиси аз вазифа сабукдӯш шудани вазири кишоварзӣ шуд


Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон
Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон Сапархон Омаров вазири кишоварзиро аз вазифа сабукдӯш намуд. Тоқаев вазири кишоварзиро ба он айбдор кард, ки барои кишоварзон дар паси сар кардани оқибатҳои хушксолии имсола чораҳои кофӣ наандешидааст.

Кишоварзон дар Қазоқистон соли равон бо хушксолии бесобиқа ва гармии тоқатфарсо рӯ ба рӯ шуданд, ки боиси камҳосилии чарогоҳҳо шуд ва садҳо сар чорво талаф ёфт. Қосимҷормарт Тоқаев, рӯзи 10-уми июл дар суханрониаш дар маҷлиси ҳукумат гуфт, Омаров бояд ба истиеъфо равад, чун вазороти зери назорати ӯ ба кишоварзон ёриҳои саривақт ва пурсамар нарасонидааст. “Мақомоти маҳалӣ ва Вазорати кишоварзӣ қарорҳои дуруст ва чораҳои зарурӣ наандешидаанд, дар натиҷа кишоварзони мо дар шароити душворе қарор гирифтанд”-, гуфтааст Тоқаев.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфт, ба чорводороне, ки чорвояшон талаф ёфт, ҷубронпулӣ пардохт намекунад. Чун ба гуфтаи вазорат, қарор дар бораи эълони вазъи фавқуллода дар робита ба хушксолии имсола, вобаста ба сатҳи боришот дар моҳи июл қабул карда мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG