Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ: Хушксолӣ дар остонаи табдил шудан ба "пандемия"-и баъдӣ аст


Акс аз бойгонӣ.

Дар гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки рӯзи панҷшанбе 17-уми июн нашр шуд, ҳушдор дода мешавад,ки бо сураът боло рафтани гармӣ дар ҷаҳон, камобӣ ва хушксолӣ метавонанад чун бемории коронавирус вайронгар бошанд.

Мамӣ Мизуторӣ, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи коҳиши хатарҳои фоҷеаҳои табиӣ, дар арафаи нашри ин гузориш дар як нишасти хабарии маҷозӣ гуфт, "хушксолӣ дар остонаи мубаддал шудан ба як пандемияи навбатист ва ҳеч ваксинае барои дармони он вуҷуд надорад".

Бар асоси гузориши нави СММ, байни солҳои 1998 то 2017 зарари иқтисодии бархоста аз хушксолӣ 124 миллиард доллар буда, хушксолӣ ба муҳити зист ва зиндагии беш аз 1,5 миллиард нафар аз аҳолии ҷаҳон зарба задааст.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шояд ин баҳогузорӣ аз сатҳи зарари ҳақиқии хушксолӣ камтар бошад Аз рӯи ин гузориш, хушксолӣ дар ҷануби Аврупо ва Африқои Ғарбӣ бинобар гармошавии курраи замин сахттар шудааст.

Мамӣ Мизуторӣ афзуд, "агар ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт иқдом накунад, шумораи осебдидагон ва қурбониёни хушксолӣ ба таври чашмрас афзоиш хоҳад ёфт".

Ба тахмини Созмони Милали Муттаҳид дар ҳолати зиёд шудани газҳои олуда ва гармшавии курраи Замин тақрибан 130 кишвар аз хушксолӣ зарар хоҳанд кашид. 23 кишвари дигар ба сабаби зиёдшавии аҳолӣ ба норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ва 38 кишвар аз ҳисоби рушди аҳолӣ ва хушксолӣ зарари ҷиддӣ хоҳанд дид.

Хонум Мизуторӣ дар бахши дигаре аз нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе гуфт, "хушксолӣ ба мисли вирус, муддати дароз идома хоҳад кард, як минтақаи бузурги ҷуғрофӣ дорад ва таъсири зуду густарда хоҳад дошт", - гуфт бону Мизуторӣ рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ. "Ҳатто кишварҳое, ки мустақиман ба хушксолӣ дучор нашудаанд, ба болоравии нархи хӯрокворӣ рӯ ба рӯ хоҳанд гашт."

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш пешбинӣ мекунанд, ки дар бисёре аз нуқтаҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Африқо, Амрикои марказӣ ва ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, ҷануби Австралия, ҷануби Аврупо, Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хушксолиҳои шадидтар рӯй хоҳад дод.

Иброҳим Сиёв, раиси паймони мубориза бо биёбоншавии Созмони Милали Муттаҳид ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, вайрон шудани хок дар бисёре аз кишварҳо ҷаҳон бинобар мудирияти бад, заминҳои ҷаҳонро ба хатари ислоҳнопазир наздик кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш падидаи муҳоҷират дар дохили кишварҳо таҳти таъсири хушксолиро баррасӣ накардааст, вале ба гуфтаи Иброҳим Сиёв, чунин раванде ҳатто дар Аврупо низ мумкин аст рӯй диҳад. Ӯ афзуд, "ин падида дар даҳаҳои ахир дар бисёре аз кишварҳо рӯй дода, дар Аврупо низ мумкин аст рӯй диҳад".

Бар асоси пажӯҳиши дигаре, ки дар рӯзҳои ахир дар маҷаллаи илмии "Nature" нашр шудааст, таҳти таъсири раванди гармоиши замин то миёнаҳои асри 21 ҳудуди 40 дарсад аз содироти кишоварзии Иттиҳоди Аврупо дар баробари хушксолӣ ба шиддат осебпазир хоҳад шуд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG