Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони СПАД розӣ шудаанд, ки ба кишварҳои хориҷ аз созмон нерӯ фиристанд


Нишасти сарони кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) дар Душанбе, 16-уми сентябри 2021
Нишасти сарони кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) дар Душанбе, 16-уми сентябри 2021

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ бо дарназардошти таҳавуллоти охир дар Афғонистон заминаи ҳуқуқии ширкати нерӯҳои посдори сулҳашро дар кишварҳои берун аз созмон тасвиб кард. Нишасти сарони кишварҳои узв 16-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд.

Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло аз ин тасмим истиқбол кард, аммо ҳамзамон гуфт, гумон аст, ки бозигарони аслии қазияи Афғонистон имкон диҳанд, нерӯҳои посдори сулҳ барои таъмини субот дар он кишвар мусоидат кунанд.

"Толибон" эълон карданд, ки Чин шарики стратегии Афғонистон мешавад. Чин дар Афғонистон ба чанд кони фулузоти нодир таваҷҷуҳ дорад. СПАД аз нерӯи бузурге бархурдор нест, ки тавонад бо абарқудратҳо мубориза барад”, -- афзуд Ғанӣ Абдулло.

Набӣ Юсуфӣ, коршинос ва муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта.Тҷ” ин суолро гузошт, ки хароҷоти интиқоли нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз кадом ҳисоб мешавад? Зеро, ба гуфтаи вай, фиристодани ин миқдор нерӯ ва лавозимоти ҷангӣ бо пули андак имконпазир нест.

Ӯ афзуд: “Суоли дигар ин аст, ки нерӯҳои посдори сулҳ киро дар Афғонистон ба сулҳ водор мекунанд? Афғонистон кишвари бузург ва ҳатто сафи “Толибон” аз гурӯҳҳои гуногун ва ба ҳам зид иборат аст. Афғонистон Қаробоғи Кӯҳӣ нест, ки ба он ҷо як баталйон низомиҳоро фиристода, сулҳро пойдор созед. Афғонҳо худ аз нерӯҳои аҷнабӣ хаста шуда, хостори он ҳастанд, ки ҳеч нерӯи ғайр ба кишвари онҳо ворид нашавад.”

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви созмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG