Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфтааст, чанд рӯзи дигар маҷбур аст дар карантин монад


Президенти Русия Владимир Путин аз қароргоҳаш дар Ново-Огарёво дар ҷаласаи сарони СПАД иштирок мекунад. 16-уми сентябр, Маскав
Президенти Русия Владимир Путин аз қароргоҳаш дар Ново-Огарёво дар ҷаласаи сарони СПАД иштирок мекунад. 16-уми сентябр, Маскав

Президенти Русия Владимир Путин, ки ба ҷаласаи сарони Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз қароргоҳаш дар Ново-Огаревои Маскав фосилавӣ пайваст, гуфт, ки чанд рӯзи наздик бояд карантин ё режими фосилагирии иҷтимоиро риоя кунад. Ӯ дар оғози ҷаласа, ки субҳи 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, барои ҳузур надоштанаш дар Тоҷикистон узрхоҳӣ кард. ТАСС менависад, Путин гуфтааст, ки дар миёни шахсони атрофаш ҳолатҳои олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Ӯ афзуд: “Як не, ду не, даҳҳо нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд”.

Дар Тоҷикистон, ки соли 2021 раҳбарии давраии СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба ӯҳда дорад, аз моҳҳо пеш ба баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узв омодагӣ медиданд ва раҳбари Русия ҳам қарор буд ба Душанбе сафар кунад. Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин қаблан гуфт, ки дар ҷаласаи раҳбарон фосилавӣ иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG