Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо куштаанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон Камолиддин Расулови 29-сола, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо бо зарби корд кушта шуд. Додситонии кулли Узбекистон хабар медиҳад, ки дар ин куштор варзишкори дигар гумонбар мешавад.

Ин ҳодиса шоми 13 сентябр дар шаҳри Тошканд рух додааст. Ш.Т., гумонбар дар қатли Расулов шом соати 21:30 дақиқа ба Камолиддин тамос гирифта, шикоят кардааст, ки сиҳатиаш аз истеъмоли витаминҳои Humo Trop бад шудааст. Ш.Т. витаминҳои мазкурро бо тавсияи Расулов харидаву истеъмол кардааст. Дар натиҷа он шом ду варзишкор мулоқот ва дар ин мулоқот Ш.Т. ба Камолиддин Расулов бо корд зарба задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи имсол варзишкори дигари узбекистонӣ Элбек Раҳимов дар Қаршии он кишвар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG