Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии Қазоқистон афзоиш ёфт


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 11-уми сентябр хабар дод, ки шумораи қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбил ба 17 кас расид.

"Имрӯз Ҷонибек Турманов, соли таваллудаш 1993, ки дар натиҷаи таркиш дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбили Қазоқистон ҷароҳат бардошта буд, ҷон бохт. Ӯ дар Маркази илмӣ-пажӯҳишии шикастабандии шаҳри Нурсултони кишвар бистарӣ буд", иттилоъ дод.

Ба огаҳии вазорат, дар он таркиш 10 корманди ниҳодҳои маданӣ, 6 низомии Вазорати дифои Қазоқистон ва 1 додситони ҳарбӣ ҷон додааст. Ҷустуҷӯи ҷасади Баурҷон Довудбоев идома дорад.

Силсила таркишҳову сӯхтор дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қазоқистон 26 август ба амал омада, дар аввал дар бораи кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ гаштани 90 тани дигар хабар дода мешуд.

XS
SM
MD
LG