Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Кобул "Толибон" ба ҳаво тир холӣ карданд


7-уми сентябр, Кобул. Эътирози зидди Покистон. Мусаллаҳони "Толибон" аз кори эътирозгарон назорат мекунанд
7-уми сентябр, Кобул. Эътирози зидди Покистон. Мусаллаҳони "Толибон" аз кори эътирозгарон назорат мекунанд

Дар ҷараёни эътирозҳои шаҳри Кобул алайҳи мудохилаи Покистон ба умури Афғонистон мусаллаҳони “Толибон” барои пароканда кардани мардум ба ҳаво тир холӣ карданд. Хабаргузории “Тулӯъ” чанд навори видеоӣ нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки ҳангоми эътирози даҳҳо нафар дар Кобул рӯзи 7-уми сентябр садои тир ба гӯш мерасад. Иттилое дар бораи эҳтимоли осеб дидани эътирозгарон дар даст нест. Аксар эътирозгарон зан буданд ва онҳо дар назди сафорати Покистон дар Афғонистон ҷамъ шуданд. Бахе аз гирдиҳамоӣ ва эътирозҳо аз сар шаб сар шудаанд.

XS
SM
MD
LG