Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои нирӯҳои СПАД дар Қирғизистон


Лаҳзае аз машқҳои нирӯҳои СПАД дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Лаҳзае аз машқҳои нирӯҳои СПАД дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи сешанбе, 7-уми сентябр дар Қирғизистон размоишҳои нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шурӯъ шуд. Размоишҳои таҳти унвони “Сарҳад-2021” дар пойгоҳи маркази тамринии “Эделвейс”-и вазорати дифои Қирғизистон шурӯъ шуд. Вазифаи низомиён тамрини роҳҳои муқовимат ба ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба хоки кишварҳои СПАД мебошад. Дар маҷмӯъ дар ҷараёни тамринҳо беш аз 1000 низомии кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва 150 адад техникаи ҳарбии мисли тонку зирепӯшҳо, мошинҳои хушгикард, тӯпхона, ҳавопаймоҳои ҳамлагари навъи Су-30СМ ва Су-25 ва ҳам чархболҳои Ми-8 истифода хоҳанд шуд. ТАСС навиштааст, ки Қирғизистон ба ин тамринҳо инчунин кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишварро ҷалб кардааст.

Анатолий Сидоров, раиси дафтари матбуоти Ситоди муштараки СПАД мегӯяд, “вазъи ҷангиву сиёсиву дар минтақаи зери назари СПАД мушкил боқӣ мемонад. Шароит дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари аз ҷониби "Толибон" забт шудани қудрат дар Афғонистон, ки ҳамсарҳади Тоҷикистон аст, сангин мебошад".

Баъди 15-уми август, ки аксар қаламравҳои Афғонистон, ба истинои вилояти Панҷшер ба дасти "Толибон" гузашт, кишварҳои узви СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба тамрини муштараки нирӯҳо пардохтанд.

XS
SM
MD
LG