Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост аз UNESCO барои мероси фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кардани Меҳргон


Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон. Октябри соли 2020
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон. Октябри соли 2020

Пажӯҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон мегӯяд, аз UNESCO – идораи фарҳангу маорифи СММ дархост мекунад, ки иди қадимаи Меҳргонро ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид кунад. Алиризо Ҳасанзода, намояндаи ин пажӯҳишгоҳ гуфтааст, ки мақомоти эронӣ мехоҳанд аризаи худро ба номи идораи фарҳанги СММ аз номи Эрону Тоҷикистон ирсол кунад. Меҳргонро дар фарҳанги қадимии мардуми форсу тоҷикро ҷашни ҳосил меноманд, ки зикри он ҳанӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳам дида мешавад.

Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надодаанд. Маълум нест, ки оё Душанбе воқеан ҳам дар ин замина бо Теҳрон, ки солҳои охир равобити сиёсиашон сарду маҳдуд шудааст, ҳамкорӣ барпо кардааст ё на. Вале соли 2019 дар як ҳамоиши донишмандони эрониву мақомоти тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон номаи президентро ба роҳбарияти UNESCO дар бораи ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил кардани ҷашнҳои Меҳргон ва Сада ирсол кардааст. "Ин ҷашнҳо дар қатори Наврӯз таҷассумгари тамаддуни қадимии тоҷикон мебошад", гуфта буд ӯ.

Баъди соли 2010 UNESCO бо чандин қарораш ташаббускҳои Тоҷикистонро дастгирӣ карда, ҷашну намунаҳои фарҳангу ҳунари мардуми тоҷикро ба феҳристи мероси ғайримоддӣ ворид кардааст. Масалан, 11 сол аст ҷашни соли нави мардуми форсизабон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб карда, соли 2016 оши палав, соли 2018 чакан - як навъ гулдӯзии миллӣ дар Тоҷикистонро шомили феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ кард.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии UNESCO аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли 2010) ва Боғи миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Помир (соли 2013) низ шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG