Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "West Oil Software" дар Қазоқистон 9 рӯз боз коршиканӣ доранд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Коршикании кормандони ширкати "West Oil Software" дар кони Жетибойи вилояти Мангистауи Қазоқистон 9 рӯз боз идома дорад.

Эътирозгарон афзоиши маош, имзои қарордоди корӣ ва фароҳамшавии имкони фаъолият барои иттифоқи касабаи мустақилро талаб доранд.

Корфармо кормандонро дар поймол кардани қонуни меҳнат гунаҳкор карда, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Коршиканон, ки дар хаймаҳо шабро рӯз мекунанд, мегӯянд, корфармо талаби онҳоро иҷро намекунад. "Мо 9 рӯз мешавад, ки хонаводаи худро надидаем ва ба хона намеравем, дар ҳоле ки соли хониши нав оғоз мешавад", - гуфт корманди "West Oil Software" Дарига Есжанова.

Ронандагони ширкат Моторбой Абдрашев ва Кашкинбой Кошкарбоев мегӯянд, раҳбарияти корхона ба онҳо фишор меорад.

Ба гуфтаи кормандон, Калбой Измуханов, муовини мудири ширкати "Мангистаумунайгаз", ки конро коркард мекунад, ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, коршикании онҳо ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG