Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои бесарнишини Амрико як тарроҳи "Хуросон"-ро дар Афғонистон нишон гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як тарроҳи ҳамлаҳои шохаи "Хуросон"-и ДОИШ (гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ") дар вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳадафи ҳавопаймои бесарнишини Амрико қарор гирифтааст.

Як мансабдори Фармондиҳии марказии Иёлоти Муттаҳида дар хабарномае гуфт, бар асоси нишонаҳои ибтидоӣ, "ин шахс 28-уми август кушта шуд". Номи ӯро ифшо накардаанд.

Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар канори Фурудгоҳи Кобулро пазируфт.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, 26-уми август гуфт, тарроҳони ҳамларо намебахшанд.

Ба гузориши маркази хабари Радиои Озодӣ, дар ин ҳамлаи маргталабона дар берун аз фурудгоҳи Кобул 170 афғон ва 13 сарбози амрикоӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG