Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон раисони шаҳрҳоро интихоб карданд


Интихоби шаҳрдори Ӯш.
Интихоби шаҳрдори Ӯш.

Дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва Токмаки Қирғизистон раисони нав интихоб шуданд.

Ойбек Ҷунушалиев ва Алмос Мамбетов аз иҷрокунандаи вазифаи раисӣ ба мақоми раисии шаҳрҳои Бишкеку Ӯш расиданд. Дар шаҳри Токмак вакили порлумон Урматбек Самаев раис интихоб шуд.

Шаҳрдории Бишкек, ки аз моҳи октябри соли 2020 то ин замон аз як иҷрокунандаи вазифа ба иҷрокунандаи дигар мегузашт, ахиран дар симои Ойбек Ҷунушалиев раиси собити худро пайдо кард. Аз 45 вакили шаҳрӣ 43 тан ба ҷонибдорӣ аз Ҷунушалиев раъй доданд. Алмос Мамбетов низ дар шаҳри Ӯш қариб бо иттифоқи оро раис интихоб шуд. Ҳар ду номзад рақибе надоштанд.

XS
SM
MD
LG