Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвар амалиёти берунбарии мардумро аз Афғонистон анҷом доданд


Дар назди дарвозаҳои фурудгоҳи байналмилалии Кобул. 26-уми август
Дар назди дарвозаҳои фурудгоҳи байналмилалии Кобул. 26-уми август

Се кишвари узви НАТО – Нидерланди, Белгия ва Венгрия (Маҷористон) гуфтанд, ки амалиёти худро дар заминаи берун бурдани шаҳрвандони худиву афғоне, ки бо онҳо кор кардаанд, анҷом додаанд. Ин изҳороти онҳо ба он маъност, ки тавонистанд пеш аз анҷоми мӯҳлати берунравии нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар таърихи 31-уми август мардумро берун баранд. Бо наздик омадани мӯҳлати ниҳоӣ, фишор барои берун бурдани ҳазорҳо хориҷиву афғонҳои ҳамкори ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ афзоиш меёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ИМА ва кишварҳои муттафиқаш рӯзи 26 август аз таҳдиди ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба нирӯҳои ғарбӣ хабар доданд. Ҳукумати Нидерланди гуфт, ки рӯзи 26-уми август берун бурдани мардумро аз фурудгоҳи Кобул қатъ мекунад, ҳарчанд дарк мекунад, ки дар “чунин лаҳзаи дарднок” бархе мардум дар кишвари зери назари Толибон мемонанд.

Дар номаи вазоратҳои корҳои хориҷиву дифои Нидерланди ба унвонии парлумони ин кишвар гуфта шудааст, ки “имрӯз Нидерланди аз ҷониби ИМА огоҳонида шуд, ки бояд кишварро тарк кунад ва зоҳиран имрӯз охирин парвозҳоро анҷом медиҳад”. Белгия гуфт, ки бо шунидани хабари таҳдиди ҳамлаи террористии худкушона амалиёти берунбарии мардумро хотима дод. Ин кишвар 1400 нафарро берун бурдааст.

Дар Будапешт вазири дифои Венгрия гуфт, ки ду ҳавопаймои ин кишвар, ки дар ҷараёни эвакуатсия иштирок мекарданд, Афғонистонро тарк карда, амну бехатар ба Венгрия расиданд.

XS
SM
MD
LG