Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди фош шудани шиканҷа дар зиндони Эвин, мансабдори эронӣ узр пурсид. ВИДЕО


Ин лаҳзаро аз дурбини назоратии зиндони Эвин гирифтаанд
Ин лаҳзаро аз дурбини назоратии зиндони Эвин гирифтаанд

Раиси низоми зиндонҳои Эрон барои ба гуфтааш "рафтори ғайри қобили қабул" дар зиндони Эвини Теҳрон узр пурсид. Муҳаммад Меҳдӣ Ҳаҷмуҳаммадӣ дар Твиттер гуфт, "дар оянда аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ мешавад ва бо онҳое, ки бадрафторӣ мекунанд, ҷиддан рафтор хоҳад шуд”.

Бино ба наворе, ки пештар гурӯҳи рахнагарон бо номи "Адолати Алӣ" ба Радиои Фардо (бахши эронии Радиои Озодӣ) фиристод, саҳнаҳои задани зиндониён ва дар замин кашола кардани маҳбусон дида мешавад. Дар рӯйи навор навиштаанд, ки "зиндони Эвин доғи нангине бар рӯйи саллаи сиёҳ ва риши сафеди президент Иброҳим Раисӣ аст."

Зиндони Эвин соли 1971 дар замони шоҳи Эрон сохта шуда, аз он замон то кунун ба як сохтори поймолкунандаи ҳуқуқи инсон табдил шудааст. Дар ин зиндон бисёр вақт маҳбусони сиёсиро нигоҳ медоранд.

Зиндонбонҳои он аксаран ба шиканҷа ва дигар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳкор мешаванд. Гурӯҳи рахнагарон то замони озод шудани ҳама маҳбусони сиёсӣ ба эътирозҳои умумимиллӣ дар Эрон даъват кардааст.

“Адолати Алӣ” гуфт, дар даст навору санадҳои зиёди дигаре дорад, ки баёнгари азияту озори маҳбусон, ба вижа зиндониҳои сиёсӣ аст ва ҳамаи онҳоро ҳам нашр хоҳад кард.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише мегӯяд, зиндони Эвин даҳшатноктарин шароитро дорад ва "маҳбусон дар ин ҷо таҳдиди шиканҷа, ҳабси беохир, таҳқиру бозпурсиҳои батакрорро таҷриба мекунанд".

Эрон дар гузашта танқидҳоро дар бораи поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишвар рад кардааст.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Раиси идораи зиндонҳои Эрон барои азияти маҳбусон аз мардум маъзарат хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

XS
SM
MD
LG