Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз мусофироне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд даъват намудааст, дар телефонҳои ҳамроҳи худ замимаи «Саёҳат бидуни COVID-19» («Путешествую без COVID-19»)-ро насб кунанд. Сипас дар озмоишгоҳҳои эътирофшуда аз ташхиси COVID-19 гузашта, маълумотномаи QR-code бигиранд.
Вазорати тандурустӣ ёдовар шудааст, ки сар аз якуми сентябр мақомоти Русия бидуни рамзи QR-code намегузоранд мусофирон вориди ин кишвар шаванд. Дар Тоҷикистон то 23-уми август 1 миллиону 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд. Вояи дуюми ваксина ба беш аз 363 ҳазору 895 нафар тазриқ шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то кунун Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ёриҳои башардӯстонаи кишварҳои алоҳида 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина дарёфт кардааст. Ба кишвар ҳоло чор навъи ваксина - Moderna-и амрикоӣ, "Короновак"-и чинӣ, AstraZeneka-и Британиёву Шведсия ва "Спутник-V"-и русӣ ворид шудааст.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ мебошад.
«Саёҳат бидуни COVID-19» - шарти ҳатмии ворид шудан ба Русия
