Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонси то соли оянда зери назорат гирифтани пандемия дар ИМА


Рӯзи аввали хониш дар яке аз мактабҳои Амрико
Рӯзи аввали хониш дар яке аз мактабҳои Амрико

Мутахассиси калони ҳукумати Амрико гуфт, агар мардум ҳар чи бештар ба зидди коронавирус эм карда шаванд, то соли оянда назорат бар пандемияи COVID-19 дар ин кишвар пурра ба даст гирифта мешавад.

Ин пешбинӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ахиран ваксинаи сохташудаи ширкатҳои Pfizer/BioNtech-ро барои истифодаи пурра иҷоза дод. То имрӯз ин ва ваксинаҳои дигар танҳо бо ҳадафи эмшавии изтирорӣ иҷоза доштанд.

Мушовири масоили беҳдоштии президенти Амрико, Энтони Фаучи, гуфт, иҷозаи Идораи ғизо ва дорувори ИМА ба истифодаи ваксинаи Pfizer/BioNtech ба зидди коронавирус роҳро барои эмшавии шумори бештари мардум боз мекунад.

Мақомоти амрикоӣ инчунин аз ширкатҳои хусусии ғайридавлатӣ тақозо карданд, ки талаботи эмшавиро барои кормандонашон ҳатмӣ кунанд.

Аз 23-юми август чанд созмону ташкилот дар Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла, низомиён, донишгоҳҳо, тиҷоратҳо ва дастикам як тими футбол гирифтани ваксинаро барои кормандони худ ҳатмӣ карданд.

Дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон ҳам мавзӯи мубориза бо пешгирии коронавирус муҳим мемонад. Дар Ҷопон ҳолати изтирории вобаста ба пандемияро дар ҳашт вилояти дигар илова карда, ба ин тартиб дар 21 минтақа ҳолати фавқулода ҷорӣ намуданд.

Дар Сиднеи Австралия мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус дар як рӯз рекордӣ шуд ва мақомот гуфтанд, системаи беҳдоштӣ дубора зери фишор мондааст.

XS
SM
MD
LG