Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо кӯмакҳои башарии Афғонистонро чор баробар зиёд мекунад


Акс аз бойгонӣ. Тақдими кӯмакҳои башардӯстонаи созмони фаронсавии ACTED дар як рустои дурдасти Афғонистон
Акс аз бойгонӣ. Тақдими кӯмакҳои башардӯстонаи созмони фаронсавии ACTED дар як рустои дурдасти Афғонистон

Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо дар бораи аз 50 то ба 200 миллион евро афзоиш додани мизони кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар бораи ин кӯмакҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо инчунин дар ҷаласаи Гурӯҳи Ҳафтгонаи иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон хабар медиҳад. Ин маблағҳо барои шаҳрвандони Афғонистони воқеъ дар дохили кишвар ва ҳам паноҳҷӯёни афғон дар беруни мамлакат пешбинӣ шудааст. Вазъи Афғонистон бо сари қудрат омадани Толибон ва ояндаи ин кишваре, ки нирӯҳои ИМА ва эътилофӣ онро тарк мекунанд, дар маркази баррасиҳои ҷаласаи изтирории Гурӯҳи Ҳафтгона қарор мегирад, ки рӯзи 24-уми август баргузор мешавад. Ба ин гурӯҳ ИМА, Олмон, Фаронса, Бритониё, Итолиё, Ҷопон ва Канада дохил мешаванд. Намояндагони калони Иттиҳоди Аврупо ҳам дар ин ҷаласа иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG