Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков гуфт, Русия намехоҳад ба моҷарои Толибону мухолифонашон дар Панҷшер мудохила кунад


Дмитрий Песков.
Дмитрий Песков.

Мақомоти Русия гуфтанд, намехоҳанд ба масъалаи Толибон ва мухолифонашон дар Панҷшер дахолат кунанд. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия рӯзи 23-юми август ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, қазияи Панҷшер метавонад боиси сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Афғонистон шавад. Изҳороти Песков дар пайи он нашр мешавад, ки чанд рӯз қабл сафири Русия дар Кобул гуфта буд, Толибон аз онҳо хостаанд, то миёни онҳо ва неруҳои мухолифашон дар Панҷшер як навъ миёнҷигӣ кунанд.

Русия дар солҳои 1996-2001 ба Эътилофи шимол, ки зидди Толибон меҷангид кӯмакҳои зиёд мекард ва барояшон силоҳ медод. Вале дар солҳои ахир Русия, сиёсаташонро дар баробари гуруҳи Толибон тағйир дод ва бо ин гуруҳ иртибот барқарор кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳарчанд гуфтааст, тарафдори тағйири низом дар Афғонистон нест, вале сафири ин кишвар дар Кобул бо ишораҳое аз гуруҳи Толибон ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG