Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои СПАД: Режими сиёсии Афғонистон бояд "манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа"-ро ба эътибор гирад


Иҷлосияи фосилавии Шӯрои СПАД. Акс: president.tj
Иҷлосияи фосилавии Шӯрои СПАД. Акс: president.tj

Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мавзӯи аслии иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои СПАД буд, ки рӯзи 23-юми август ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ таҳти раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаран гирифт. Тоҷикистон соли 2021 раҳбарии давраии ин созмони низомии зери назари Русияро ба ӯҳда дорад.

Дар ҷаласа раҳбарони кишварҳои узв – президентони Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон – Владимир Путин, Александр Лукашенка, Қосимжомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас иштирок карданд. Ба иттилои вебсайти президенти Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба ҳайси давлати даъватшуда иштирок намуд.

Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, аъзои Шӯрои СПАД аз «якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон”, ки аз 15-уми август аксар қаламравҳояш зери назаои Толибон қарор доранд, изҳори нигаронӣ карданд. Толибонро дар қаламрави кишварҳои СПАД “созмони тундрав ва мамнӯъ” меҳисобанд, ҳарчанд Русия аз солҳо пеш бо ин созмон вориди гуфтугӯ шудааст. Мавқеи Тоҷикистон, ки ҳеҷ гоҳ Толибонро ба унвони нирӯи сиёсӣ арзёбӣ намекард, бетағйир боқӣ мемонад.

Маълум нест, ки оё дар ин ҷаласа сухан аз эҳтимоли ҳамкорӣ бо Толибон ваё эҳтирофи ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон матраҳ шуд ё на. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, аъзои СПАД дар нахустин ҷаласаи изтирории худ баъди зери назари Толибон гузаштани қудрат ҳар Афғонистон ба “аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд”. Дар идома омадааст: “Режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад”.

Афғонистон як кишвари аксар мусалмоннишин буда, қавмҳои зиёде, аз ҷумла пашту, тоҷикҳо, ҳазораҳо, узбеку туркманҳо ва дигарҳо сокини он мебошанд.

Қарор аст рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе ҷаласаи раҳбарони кишварҳои СПАД баргузор шавад ва баррасии мавзӯи Афғонистон дар ин ҷаласа идома меёбад.

XS
SM
MD
LG