Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз Русия ба Ҷопон бо қаиқи резинӣ. Марди 40-сола паноҳандагӣ мехоҳад


Як марди рус, ки савори қаиқи резинӣ то ба соҳилҳои Ҷопон расид, аз ин кишвар паноҳандагии сиёсӣ хост. Матбуоти Ҷопон гуфт, ки як шаҳрванди 40-солаи Русия, ки исмаш нашр намешавад, соҳилҳои ҷазираи Кунашири зери назари Русияро рӯзи 17-уми август тарк карда, чанд рӯз дар об буд ва ниҳоят ба соҳилҳои ҷазираи Ҳоккайдои Ҷопон расид. Ин мард аз ҷониби марзбонони ҷопонӣ боздошт шудааст. Гузоришҳо ҳокист, ки мард 20 километр роҳро аз Русия то Ҷопон бо қаиқи резинӣ тай карда, дар ниҳоят наздиктар ба соҳил бо либоси махсуси зериобӣ худро ба об андохта то соҳил шино карда расид. Ин мардро ба маркази муҳоҷирати шаҳри Саппоро интиқол доданд. Дар ин муассиса қарор қабул мекунанд, ки оё ба ин мард паноҳандагӣ дода мешавад ваё ӯ дубора ба Русия истирдод хоҳад шуд.

Мақомот дар консулгарии Русия дар Саппоро гуфтанд, ки мақомоти ҷопонӣ дар бораи ин қазия ба онҳо ҳеҷ иттилое надодаанд. Консулгарӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки “бо вуҷуди тавассути полис ба матбуот роҳ ёфтани хабар, мақомот нахостанд ба мо дар ин бора маълумот диҳанд”.

Матбуоти Русия мегӯяд, ин мард аз ҷумҳурии Удмуртия ба Кунашир се сол пеш бар асоси барномаи давлатие рафтааст, ки кишоварзонро бо замини озод дар Шарқи дур таъмин мекунад. Мақомот дар шаҳри Южно-Курилск гуфтанд, ки ин мард ба ҳайси ронандаи трактор ва ронандаи мошини борбар кор мекард. Полиси рус гуфт, ки дар деворҳои хонаи ин мард расму наққошиҳои ҷопониро пайдо кардааст ва бар асоси он мақомот ба хулосае омаданд, ки ӯ “ошиқи фарҳанги ҷопонӣ” буд.

Вале нақши ин мард ба ҳайси як фаъоли эҳтимолии сиёсиву маданӣ маълум нест.

Дар паи саркӯби дигарандешону мухолифон дар солҳои охир бисёр фаъолон Русияро тарк карда, сокини Аврупо ё ИМА мешаванд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар рӯзҳои охири Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷазираҳои Курили Ҷопонро ишғол кард. Дар Русия ин заминҳоро Қаламравҳои шимолӣ меноманд. Баҳси сари ҳамин ҷазираҳо то ҳол ин ду кишварро намегузорад, ки созиши сулҳи баъди хатми ҷагро дар соли 1946 имзо кунанд.

Талошҳои дипломатӣ дар ин самт то ҳол бенатиҷа будааст.

XS
SM
MD
LG