Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд дар мубориза бо Толибон аз кишварҳои ғарбӣ пуштибонӣ ва ёрӣ хост


Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, ки​ аз оғози муқовимат алайҳи гурӯҳи Толибон хабар дод, хоҳони пуштибонӣ ва ёрии кишварҳои ғарбӣ шудааст. Вай 18-уми август дар мақолае дар нашрияи амрикоии "Вашингтон Пост" бо ишора ба муборизаи падараш бо Толибон (1996-2001) гуфтааст, роҳи ӯро идома хоҳад дод.

Толибон, ки ҳоло назорат бар Афғонистонро, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, ба даст овардааст, ҳанӯз дар мавриди Ҷабҳаи муқовимат ба зидди ин гурӯҳ вокуниш накардааст.

Нирӯҳои Толибон дар Кобул
Нирӯҳои Толибон дар Кобул

Аҳмад Масъуд дар идомаи мақолааш мегӯяд, Толибон танҳо мушкили мардуми Афғонистон нест: "Назорати Толибон бар Афғонистон сабаб хоҳад шуд, то ин кишвар ба пойгоҳи асосии терроризми исломӣ мубаддал шавад ва тарҳи ҳамлаҳо бар демократия дар ҷаҳон бори дигар дар Афғонистони рехта шавад", -- афзудааст ӯ.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки худро дар мақола "раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" муаррифӣ кардааст, ҳамчунон иддао карда, ки миллионҳо афғон ба "арзишҳои Ғарб бовар доранд".

Ба гуфтаи ӯ, афғонҳо барои эҷоди як "ҷомеаи боз" муборизаи тӯлонӣ карданд, то дар он "духтарон битавонанд пизишк шаванду расонаҳо озодона гузориш диҳанд ва ҷавонон ба мусиқӣ гӯш диҳанд ва рақсу бозӣ кунанд..."

Фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд дар мақолаи худ дар "Вашингтон Пост" ҳамчунин гуфтааст, барои муқобила бо Толибон захираҳои силоҳу муҳиммот дар Панҷшер вуҷуд дорад, ки ҳанӯз дар замони зинда будани падараш захира шуда буд, чун ба гуфтаи вай, интизори омадани чунин рӯзро доштанд.

Ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Вилояти Панҷшер, 19-уми августи 2021
Ҷонибдорони Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Вилояти Панҷшер, 19-уми августи 2021

Аҳмад Масъуд дар мақолаи "Вашингтон Пост" иддао карда, ки тайи 72 соати гузашта бархе афғонҳо ба даъвати вай бо силоҳҳояшон барои пайвастан ба муқовимати алайҳи Толибон ба Панҷшер рафтаанд. Вай афзудааст, сарбозони артиши миллӣ ва аъзои пешини нерӯҳои вижаи Афғонистон, ки ба гуфтааш "аз таслим шудани фармондеҳонашон хашмгинанд", низ бо вай пайвастаанд.

Бо ин ҳама Аҳмад Масъуд хоҳони ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз муқовимат алайҳи Толибон шудааст.

Дар ҳоле аз эҷоди Ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон дар Афғонистон хабар мерасад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни гурӯҳ, рӯзи 17-уми август дар нахустин нишасти хабариаш гуфт, Толибон дар талоши эҷоди як ҳукумати ҳамашумул аст, то тамоми афғонҳо намояндагони худро дар он бубинанд.

Гузашта аз ин, гурӯҳи Толибон ба ҷуз аз вилояти Панҷшер ҳама қаламрави Афғонистонро зери назорат дароварда, тақрибан ҳамаи таҷҳизоти низомии ҳукумати он кишварро дар ихтиёр дорад.

Бо назардошти чунин вазъият, эъломи "муқовимати муҷоҳидин" тавассути Масъуди 32-сола чӣ пайомадеро дар қибол хоҳад дошт. Масъуд дар риштаи низомӣ дар Бритониё хонда, аммо бар хилофи падараш, ки дар ҷангҳои чирикӣ аз шӯҳрати хос бархӯрдор аст, ҳеч гоҳ дар майдони набард саҳм надоштааст.

Идрис Раҳмонӣ, таҳлилгари масоили Афғонистон, рӯзи 19-уми август ба "Садои Амрико" гуфт, майдони набард ояндаи Аҳмад Масъудро рақам хоҳад зад, на эъломи муқовимат.

Раҳмонӣ гуфт: "Падараш аз лиҳози ҷангӣ истеъдод дошт. Аҳмад Масъуд дар майдони ҷанг худро собит накардааст. Агар дар аввалин ҷанг муваффақ шавад, боз эҳтимол мавриди тавваҷуҳи бештар қарор гирад. Аммо агар бибозад,​ каси дигар зуд ҷояшро мегирад."

Ин таҳлилгар бо ишора ба хости Аҳмад Масъуд дар мавриди кумак ба муқовимат гуфт, фароҳамоварии ёрӣ, бахусус аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, вобаста ба мавқеи ояндаи Амрико дар баробари Покистон аст: "Хеле вобаста ба ин аст, ки оё амрикоиҳо ба фикри интиқом аз Покистон хоҳанд шуд ё на? Агар фаразан ба фикри интиқом шаванд,​ аз Аҳмад Масъуд ҳимоят хоҳанд кард. Аммо агар ба фикри ин бошанд, ки чиниҳо ба дом биафтанд, мегузоранд Толибон реша бигиранд."

Аммо Неъматуллоҳ Илоҳӣ, таҳлилгари муқими Амрико, ба ин бовар аст, ки Аҳмад Масъуд пас аз хатми донишгоҳи низомӣ дар Бритониё вориди арсаи сиёсат шуда, мавриди ҳимояти мардумӣ аст. Илоҳӣ ба "Садои Амрико" гуфтааст, "ӯ тавонистааст бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тамос бошад ва дарвоқеъ дар нуқтаи васли ҳамнаслони падараш ва ҳамнаслони худаш қарор дорад."

Аммо дар робита ба инки оё кишварҳо ба муқовимате, ки Аҳмад Масъуд онро эълом кардааст, кумак хоҳанд кард ё не, Илоҳӣ гуфт, "ин ёриҳо бастагӣ ба инкишофи вазъияти ҳозира дорад, ки оё Толибон меъёрҳои ҷаҳониро дар амал риоят мекунанд ё не? Робитаи худро бо шабакаҳои террористӣ қатъ мекунанд ё хайр? Агар Толибон эътимоду истиқболи ҷаҳониро ба даст наоранд, муқовимат дигар мавриди ҳимоят қарор хоҳад гирифт."

XS
SM
MD
LG