Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Тошканд барои ҳамкорӣ бо Толибон дар мавриди муҳофизати сарҳад


Як узви "Толибон" парчами ин гурӯҳро дар Қандаҳор боло мекунад. 17-уми августи 2021
Як узви "Толибон" парчами ин гурӯҳро дар Қандаҳор боло мекунад. 17-уми августи 2021

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон 17-уми август бо нашри изҳороте гуфт, аз тасмими нерӯҳои дохилии Афғонистон, ки мегӯянд, як ҳукумати фарогир ташкил хоҳанд кард, ҷонибдорӣ мекунад.

Дар изҳорот ҳукумати Узбекистон изҳори умед кардааст, ки интиқоли нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон бо роҳи осоиштаву созиши ҷонибҳо ва бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон изҳори бовар кардааст, ки тамоюли вазъ ба ин самт "боиси ба миён омадани ваҳдати умумимиллӣ шуда, шароитро барои ташкили давлати неруманд фароҳам мекунад".

Ин ниҳод ҳамчунин гуфта, ки ҳукумати Узбекистон "муносибатҳои анъанавии дӯстона ва неки ҳамсоядориро бо Афғонистон ҳифз карда, ба умури дохилии он дахолат нахоҳад кард".

"Ҷониби Узбекистон тамосҳои наздик бо намояндагони ҳаракати Толибонро дар масъалаи таъмини муҳофизати марзҳо ва ҳифзи оромӣ дар минтақаи наздисарҳадӣ дастгирӣ мекунад. Мо ҳамчунин қотеъона изҳор медорем, ки ба ҳама гуна кушиши нақзи марзҳои давлатӣ дар асоси қонунгузориҳои Узбекистон вокуниши сахт дода мешавад", - гуфта шудааст дар изҳороти вазорат.

Тошканди расмӣ бори дигар ҳузур доштани сиёсатмадорони фирории афғонро дар Узбекистон рад кардааст.

XS
SM
MD
LG