Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати бист нафар дар таркиши мошини нафткаш дар Лубнон


Ҳодиса дар ноҳияи Аккари Лубнон рӯй додааст
Ҳодиса дар ноҳияи Аккари Лубнон рӯй додааст

Дар таркиши як мошини нафткаш дар Лубнон ба камияш 20 нафар ҷон бохтаанд. Кумитаи Салиби Сурх низ рӯзи 15-уми август хабар дод, ки ин миқдор ҷасадро аз маҳалли ҳодиса дар ноҳияи Аккар берун оварданд.

Дар бораи захмӣ шудани тақрибан 80 нафар гузориш шудааст. Сабаби ҳодиса то ҳанӯз равшан нест ва таҳқиқ дар ин замина идома дорад.

Артиши Лубнон субҳи 15-уми август гуфт, ҳазорон литр бензину дизелро аз назди касоне ёфт, ки қасди бо нархи гарон фурӯхтани онро доштанд. Иқтисоди нобасомон дар Лубнон, камбуди манобеи энержӣ ва барқ вазъият дар ин кишварро буҳронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG