Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳои сангин дар атрофи Мазори Шариф


11-уми август президент Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо низомиён ва ташвиқи муқовимат дар муқобили Толибон ба Мазори Шариф рафта буд
11-уми август президент Ашраф Ғанӣ барои гуфтугӯ бо низомиён ва ташвиқи муқовимат дар муқобили Толибон ба Мазори Шариф рафта буд

Субҳи 14-уми август хабарҳо аз даргириҳои сангин дар наздикиҳои шаҳри шимолии Мазори Шариф расид. Мақомот ба хабаргузории АР гуфтанд, ки ҷангиёни Толибон ҳамлаи густурдае ба ин шаҳрро оғоз карданд.

Мунир Аҳмад Фарҳод, сухангӯи волии минтақаи шимолии Балх ба АР хабар дод, ки субҳи 14-уми август ҷангиёни Толибон "аз чанд самт ба шаҳр ҳамла карданд".

Дар як паёме ба унвонии Радиои "Афғонистони озод" сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ҳуҷуми Толибон ба шаҳр аз чор самт шурӯъ шуд.

Ҳанӯз се рӯз пеш, рӯзи 11-уми август президент Ашраф Ғанӣ ба хотири мулоқот бо раҳбарони низомиву ҷангсолорони ҳомии ҳукумат ва ташвиқи низомиён барои дифоъ аз ин шаҳри шимолӣ ба Мазори Шариф сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG