Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созандаи ваксина: масунияти ҷамъӣ номумкин аст


Ба зидди коронавирус чандин ваксина сохтаанд
Ба зидди коронавирус чандин ваксина сохтаанд

Навъи "делта"-и коронавирус шаклгирии масунияти дастҷамъиро зидди COVID-19 номумкин мегардонад. Дар ин бора роҳбари гуруҳи созандагони ваксинаи AstraZeneca профессор Эндрю Поллард дар порлумони Бритониё хабар дод.

"Масъала ин аст, ки ин вирус сурхакон нест. Агар 95 дарсади аҳолӣ зидди вируси сурхакон ваксина бигиранд, дар он сурат вирус дигар паҳн намешавад. Навъи "делта"-и коронавирус ба касоне ҳам сироят мекунад, ки ваксина гирифтаанд", - гуфтааст Поллард.

Дар робита ба ин, ба гуфтаи Эндрю Поллард, даст ёфтан ба масунияти ҷамъӣ ба "афсона" монанд аст.

Дар ҳамин ҳол, вай илова кард, ки барои ба ваҳшат афтодан ҳоло баҳонае мавҷуд нест, зеро ҳарчанд ваксинаҳои мавҷуд на ҳамеша аз гирифторӣ наҷот медиҳанд, дар ҳар сурат аз мавҷи азими COVID-19 ва маргу мир пешгирӣ мекунанд.

То ин замон дар Бритониё наздик ба 75 дарсади аҳолии калонсол ваксина гирифтаанд. Ин ҳолат ба мақомоти Бритониё имкон додааст, ки аксар маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор кунанд.

XS
SM
MD
LG