Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ба интихоботи Русия нозиронашро намефиристад


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар сӣ соли охир бори аввал ҳайаташро барои назорат аз интихоботи қарибулвуқӯи Русия нахоҳад фиристод.

Масъулони созмон 4-уми август ин тасмимро ба “маҳдудиятҳо”-е вобаста донистанд, ки ҷониби Русия дар аҳди пандемия ҷорӣ кардааст.

"Хеле таассуфовар аст, ки интихоботи қарибулвуқӯи Русияро назорат карда наметавонем", -- гуфт Маттео Мекаччи, мудири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODHIR). Вай афзуд, "пойфишориҳои мақомоти Русия дар бораи маҳдуд кардани шумори нозирон" ба ин кор сабаб шуд.

САҲА яке аз ниҳодҳои муҳими ҷаҳонӣ дар мавриди назорат аз интихоботҳо аст. Созмон бо ҳадафи озоду одилона гузаштани маъракаҳои сиёсӣ нозиронашро ба 57 кишвари узв мефиристад.

Шаҳрвандони Русия рӯзи 19-уми сентябри имсол вакилони палатаи поёнии порлумон (Думаи давлатӣ), инчунин, аъзои 39 маҷлиси минтақаӣ ва 9 волии вилоятро интихоб хоҳанд кард.

Кремлин дар остонаи интихобот бисёре аз чеҳраҳои сиёсии мухолифин ва расонаҳои мустақилро саркӯб намуд. Ба чанде аз намояндагони мухолифин, ки бо Алексей Навалний, сиёсатмадори зиндонӣ иртибот доштанд, иҷозаи иштирок дар интихоботро надоданд.

XS
SM
MD
LG