Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангандозии навбатӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон


Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми июл навишт, ки мошини намояндаи президенти Қирғизистон дар умури барқарорсозӣ ва рушди деҳаҳои наздисарҳадии вилояти Бодканд Мамурҷон Раҳимов дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон сангборон шудааст.

Маъмурияти вилояти Бодканд гуфтаанд, ҳодиса 29-уми июл дар деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Бодканд рух дод ва ҳоло таҳқиқи он оғоз шудааст.

Ҳодиса замоне рух додааст, ки Раҳимов ҳамроҳи муовини аввали намояндаи президенти Қирғизистон дар Бодканд ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсой аз хонаҳои барқароршуда дар деҳаи мазкур боздид карда, ба самти деҳаи Тош-Тумшуқ мерафтанд.

Ба огаҳии маъмурияти Бодканд, вақте мансабдорони қирғиз аз хонаҳои сӯхта боздид мекарданд, гуиё 15-20 сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Тоҷикистон ба назди онҳо омадаанд. Миёни ҷонибҳо баҳс сар зада, дар натиҷа мошини муовини раиси ҷамоати Оқсой сангборон шудааст.

"Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар баъди ҳодиса дар марз вохӯрдаанд. Сардори пулиси Исфара ваъда додааст, ки амалкарди шаҳрвандони Тоҷикистон санҷида шуда, ҷуброни зарари расида пардохт хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи қонун зидди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сангандозӣ карданд, чора андешида мешавад", - афзудааст манбаъ.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG