Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи нав дар минтақаи Рашт


Ноҳияи Тоҷикибоди минтақаи Рашт, 6 июли соли 2020. Акси як манзил баъди зилзилаи пуршиддате
Ноҳияи Тоҷикибоди минтақаи Рашт, 6 июли соли 2020. Акси як манзил баъди зилзилаи пуршиддате

Баъди камтар аз се ҳафтаи як зилзилаи пурқурбонӣ, шабонарӯзи гузашта дар ноҳияи Рашт боз як заминҷунбии дигар сабт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, заминларза нимашаби 25-уми июл ба амал омада, маркази он дар 165-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21-километрии шимоли ноҳияи Рашт будааст. Қувваи зилзила дар марказаш 3-4 балл аз рӯи ҷадвали 9-баллии Риҳтер ва дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил додааст. Заминҷунбии сахте, ки дар минтақаи Рашт рӯзи 10-уми июли имсол рух дод, боиси харобии даҳҳо манзил ва ҳалокати 5 нафар шуд. Ба гуфтаи кумита, дар натиҷаи заминларзаи ахир хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон ва кишварҳои атрофи он минтақаи зилзилахез ба шумор меравад ва дар гузашта шоҳиди заминҷунбиҳои пурталафоту фоҷеабор шудааст.

XS
SM
MD
LG