Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканду Маскав дар наздикии марз бо Афғонистон тамрини низомӣ мекунанд


Васоили артиши Узбекистон
Васоили артиши Узбекистон

Қарор аст, Тошканду Маскав дар наздикии марзи Узбекистон бо Афғонистон машқҳои низомӣ баргузор кунанд. Ин иқдом дар пайи афзоиши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон рӯйи даст гирифта шудааст.

Шабакаи матбуотии низомии Русия рӯзи 20-уми июл гуфт, тамринҳои низомӣ аз 30-юми июл то 10-уми августи имсол идома хоҳанд ёфт.

Дар хабарнома омадааст, дар ин тамринҳо аз тақрибан 1500 низомӣ ва 200 мошину ҳавопаймо истифода хоҳад шуд.

Як рӯз пеш мансабдорони низомии Русия гуфта буданд, ки бо Узбекистону Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳои низомии муштаракро ба роҳ мемонанд.

Даргириҳои охир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистонро барангехтааст. То кунун даҳҳо хонавода аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба Бадахшони Тоҷикистони паноҳ овардаанд.

XS
SM
MD
LG