Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти обхезиҳо дар минтақаи ғарби Олмон

Як қисмати бузурги Олмони Ғарбӣ аз боронҳои шадиди шаби 15-уми июл осеб дид, ки боиси обхезиҳои ногаҳонӣ шуд, биноҳо варон шуд, мошинҳоро об бурд. Субҳи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону сел дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид. Ҳукумати ноҳияи Аҳрвейлери канори шаҳри Кёлн дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, сарнавишти наздик ба 1300 сокини минтақаи офатзада рӯшан нест. Ба иттилои пулис беш аз ҳама минтақаи Бад- Нойер, Аҳрвейлер, Ойскирхен осеб диданд. Ҷасади бисёре аз фавтидаҳо ҳанӯз аз зери харобаҳо берун оварда нашуданд, қисме бедараканд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG