Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бедодгариҳои офати табиӣ дар шарқи Тоҷикистон


Бар асари боронҳои сахт ва сел рӯзи 13-уми июл дар ноҳияи Нуробод ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хонаҳои мардум ва заминҳои кишту роҳҳо хароб гаштаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон сел 7 манзил ва замини киштро валангор кардааст.

Корбарони Радиои Озодӣ дар бораи 10 хонаи зарардида аз сел хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ин офати табиӣ роҳ ба маркази ноҳия ва Бартанг – Хоруғ ҳам баста шудааст.

Нисфирӯзи 13-уми июл сел ҳамчунин ба сокинони ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод зарар расонд. Ба иттилои расмӣ, дар ин деҳа роҳу 5 хона қисман хароб шуда, 2 мошини боркаш зери об мондаанд.

XS
SM
MD
LG