Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инро фақат вазорат медонад". Суолҳои бепосух дар бораи коронавируси нав дар Суғд. ВИДЕО


Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд

Мақомоти Суғд ҳарчанд дар бораи шумори беморону ҷонбохтагон ва вазъи вобаста ба коронавирус дар минтақа иттилои дақиқ надоданд, гуфтанд, ки барои дарёфти ваксинаи бештар ба ҳукумати кишвар муроҷиат кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, бо дастрас шудани ваксина, эмкунии сокинони аз 18-сола боло дар минтақа шуруъ хоҳад шуд. То ин дам асосан пизишкону кормандони ҳукумат ва қисме аз шахсони аз 60-сола боло ваксина зада шудаанд.

Ин дархост дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир шумори беморони коронавирус дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Аз охири моҳи июн то ҳоло ба иттилои расмӣ 14 кас ҷони худро аз бемории ҳамагир аз даст додаанд.

Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии Суғд, рӯзи 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Хуҷанд гуфт, бемористонҳои вилоят “аз пештара муҷаҳҳазтар буда, ба қабул ва муолиҷаи 1030 бемор омодаанд”.

Вале ӯ ба суолҳои хабарнигорон дар бораи шумораи гирифторони коронавирус, фавтидагону шифоёфтагон ва онҳое, ки ваксина гирифтаанд, ҷавоби мушаххас надод. Раиси шаҳри Хуҷанд низ дар нишасти хабариаш рӯзи 13-уми июл гуфт, “вазъи вобаста ба коронавирус таҳти назорат аст”, аммо нагуфт, ки чӣ гуна.

“Ҳозир 3 беморхонаи сироятии вилоят ва шуъбаҳои сироятии бемористонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ба табобати беморони COVID-19 машғуданд. Инчунин, шифохонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам фаъолият бурда истодааст”, -- шарҳ дод Маъруф Ҳоҷибоев.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Суолҳои бепосух дар бораи коронавируси нав дар Суғд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Сокинони Суғд аз зиёд шудани беморони COVID-19 ва фавтидани баъзе аз беморон суҳбат мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мисли пештара шумораи воқеии беморони коронавирусро пинҳон медоранд. Ҳоҷибоев мегӯяд, рақамҳои марбут ба бемории COVID-19-ро танҳо Вазорати тандурустии кишвар метавонад бигӯяд.

Мушоҳидаи ин равиши аҷиби муқобала бо коронавирус дар зеҳни хабарнигорон ва сокинон суолҳои зиёдеро халқ кардааст.

Фарзона Муродӣ, хабарнигори ҳафтавори "Тоҷикистон" дар минтақа, мегӯяд, "ҳар қадар оморро пинҳон дорем, ҳамон андоза сафи бениқобҳо ва онҳое, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, хоҳад афзуд. Вақте теъдоду оқибатҳояшро мегӯем, ё роҳҳои пешгирияшро мефаҳмонем, ҳамон қадар мардум худашонро эҳтиёт мекунанд".

Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки аз моҳи январ то охири июни имсол дар бораи набудани коронавирус мегуфт, тайи ду ҳафтаи охир дар бораи бемор шудани даҳҳо нафар гузориш дод.

Ба иттилои расмӣ, то 12-уми июл коронавирус ба 13 ҳазору 868 нафар сироят карда, 97 дарсади онҳо шифо ёфтаанд ва 104 кас ҷони худро аз даст додаанд. Бархе аз сокинону мутахассисон теъдоди воқеии гирифторон ва фавтидагон аз COVID-19-ро бештар аз ин медонанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG