Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷбурӣ ё ихтиёрӣ. Шаш дар сади аҳолии Тоҷикистон ваксина гирифтаанд. ВИДЕО


Ваксинзанӣ дар як Маркази саломатӣ дар Душанбе
Ваксинзанӣ дар як Маркази саломатӣ дар Душанбе

То 6-уми июл дар Тоҷикистон, 316 ҳазор нафар ваксин гирифтаанд. Ин баробар ба шаш дар сади аҳолии аз 18 сола боло аст. Дар ҳамин ҳол, феълан дар кишвар камбуди ваксина мушоҳида намешавад. Беш аз як миллион воя ё дозаи ду навъи ваксина - AstraZeneca аз Ҳинд ва Coronavac аз Чин то ҳол ба таври ройгон ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Сокинони Тоҷикистон барои гирифтани ваксинаи зидди коронавирус чандон шитоб надоштанд. Аммо ҳоло зоҳиран аксарият зарурати эмкуниро дарк намуда, ба ҳатмӣ будани он мухолифат намекунанд. Ҳарчанд онҳое ҳам ҳастанд, ки аз иҷборӣ шудани маъракаи эмгузаронӣ норозиянд.

Назари бархе аз сокинон ба гирифтани ваксин чунин аст:

  • Ин интихоби ҳар шахс аст, вале ба фикри ман ҳатман бояд эм кард.
  • Масалан, оилаи ман ваксина гирифт. Дар бораи дигарон чизе гуфта наметавнам. Бигузор худашон тасмим бигиранд.
  • Ҳатман, ман фикр мекунам, ин бояд ҳатмӣ бошад. Зеро бубинед дар Русия вазъ чӣ гуна аст.
  • Медонед чӣ? Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки розӣ бошад ё набошад. Ман зид ҳастам.

Агар чанд рӯз пеш дармонгоҳҳои шаҳр камодам буданд, ҳоло барои гирифтани ваксина сокинон дар ин ҷо навбат меистанд. Обидҷон Саидзода, сокини Душанбе ҳам тасмим гирифт, ки зидди коронавирус эм кунад. Ӯ бар ин бовар аст, ки тасмими мақомот дар мавриди ҳатмӣ шудани маъракаи ваксингузаронӣ ба маънии мураккаб шудани вазъ аст ва бояд ҳарчӣ зудтар ваксин гирифт. “Ман фикр мекунам, ки мардум ин ҳақиқатро дарёфтааст, ки дар чорабиниҳои тиббӣ махсусан, ваксинатсия иштирок кунад. Ман ҳам чун як узви ҷомеа хостам дар ин чорабинӣ иштирок кунам ва даври дуюми ваксинаро гирифтам”-, мегӯяд Обидҷон Саидзода.

Низоми кор дар дармонгоҳҳо ҳоло сахттар шудааст. Барои ваксинзанӣ мардум метавонанд аз соати 7-и субҳ то 9-и шаб биёянд. Дар шаҳр ҳамчунин гурӯҳҳои сайёр кор мекунанд.

Рустам Қурбонализода, пизишки тоҷик мегӯяд, “6 гурӯҳи корӣ дар марказ ва 7 гурӯҳи сайёр ташкил кардаем, ки ҳамарӯза дар минтақаҳо ва корхонаву созмонҳо мардумро ба ваксина фаро мегиранд. То ҳол ягон ориза баъди гирифтани ваксина ба қайд гирифта нашудааст.”

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, қарор дар бораи эмгузаронии ҳатмии сокинони болотар аз синни 18 бо таваҷҷуҳ ба вазъият дар кишварҳои дигар гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, иҷборӣ шудани ин маърака на ба хотири тарсонидани мардум, балки бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба зарурати эмгузаронӣ роҳандозӣ шудааст.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Ваксингузаронӣ дар Душанбе авҷ гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Файзалӣ Саидзода, раҳбари Маркази иммунопрофилактикӣ мегӯяд, як муддат коҳиш ёфтани шумори беморон ва суст шудани суръати сирояти короновирус сокинонро фориғбол кард ва мардум ҳам хоҳиши гирифтани ваксинаро надоштанд. "Зеро мегуфтанд, мо ин бемориро пушти сар кардем. Қисми дигар аллакай масъунияти зидди СOVID- 19 доштанд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки новобаста ба бемориро аз сар гузаронидан, дар як муддат масъунияти одам боз паст шуда, хатари такрорёбии ин беморӣ пайдо мешавад. Ба ин хотир мардум фаҳмид, ки ягона роҳи пешгирӣ гузаронидани ваксина аст. Имрӯз бо рӯҳи болида омада ваксина мегиранд.”

Вале ҳуқуқшиносон назари дигар доранд. Ба назари онҳо Ситоди зидди коронавирус наметавонад сокинонро барои гирифтани ваксина маҷбур кунад. “Ягон хел муҷозот дар қарор нишон дода нашудааст. Муҷозот ҳам муайян карда наметавонанд. Ин ҳаёти шахсии ҳар як нафар аст ва касе ҳуқуқ надорад онро ихтиёрдорӣ кунад. Ман намехоҳам, шубҳа дорам, намекунам.” --, мегӯяд, Файзи Олӣ, ҳуқуқшинос,

Ҳоло дар Тоҷикистон бастани ниқоб ва фосилаи иҷтимоӣ дубора ҳатмӣ шуд. Ин қоидаҳо моҳи январ, вақте раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки кишвар бар коронавирус пирӯз шуд, бекор карда шуда буданд. Ҳамин тавр, акнун ҳамаи онҳое, ки аз хориҷа вориди Тоҷикистон мешаванд, бояд ташхис аз коронавирусро супоранд ва новобаста аз натиҷаи он ба муддати 10 рӯз аз дигарон фосила бигиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG