Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи воксинзанӣ дар Тоҷикистон авҷ мегирад. ВИДЕО


Бо эътирофи хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот талош доранд, аҳолиро ба гирифтани ваксина водор намоянд. Барои ин пизишкон ба хонаву масҷид, бозор ва корхонаҳо мераванд ва аз мардум даъват мекунанд, ки зидди коронавирус худро эм кунанд. Ҳамчунин чораҳое роҳандозӣ шудаанд, ки ихтиёрӣ будани эмгузарониро зери суол мебаранд. Сарфи назар аз ин талошҳо майли мардум ба ваксингирӣ чандон қавӣ ба назар намерасад, чун шубҳаву нобоварӣ ба ваксинаҳо то ҳол дар миёни мардум боқист.

“Дигар ҳамкорон ваксина гирифтанд, ман ҳам гирифтам”

Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи 25-уми июн хабар дод, ки ҳамаи шахсони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус эм карда мешаванд. Мақомот ҳадаф аз ваксиназаниро "пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус", гуфтанд. Бар асоси эълони Вазорати тандурустӣ, сокинони пойтахт барои гирифтани ваксина бояд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.

Мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар марказҳои саломатии Душанбе нишон дод, ки теъдоди шахсоне, ки ваксина мегиранд, зиёд аст. Вале бештари онҳо нафароне ҳастанд, ки аз ҳисоби ҷойи корашон барои ин кор ба маркази саломатӣ фиристода шудаанд. Манучеҳр Раҷабов, омӯзгори яке аз мактабҳои Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзе, ки дигар ҳамкоронаш зидди коронавирус эм гирифтанд, ӯ дар ҷойи кор набуд ва ба ин хотир имрӯз барои гирифтани ваксина омадааст. Раҷабов аз пизишкон ваксинаи “Астразенека”-ро пурсид. Ӯ гуфт : “Шунидам, ки дар Ҳиндустон намудҳои нави беморӣ мавҷуд аст ва ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон ба мутатсияҳои бисёртар мутобиқ карда шудааст. Ба ваксинаи чинӣ ҳеч вақт бовар надоштам.”

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ ба зидди СOVID суръат мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Ба ҷуз онҳое, ки бо тақозои корхонаашон барои гирифтани ваксина омадаанд, онҳое ҳам ҳастанд, ки ихтиёран мехоҳанд зидди коронавирус эм карда шаванд. Манучеҳр Абдуллоев, сокини пойтахт яке аз онҳост, ки ба гуфтаи худаш аз расонаҳо дар бораи гирифтани ваксина хабар ёфта, ба маркази саломати омадааст. Абдуллоев гуфт, соли гузашта ба коронавирус сироят ёфта буд ва барои такрор нашудани он, мехоҳад ваксина гирад. “Ваксинаи синоваки истеҳсоли Чинро гирифтам. Он қадар тарс надорам.”

Пизишк: касеро барои гирифтани ваксина маҷбур накардем

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар марказҳои саломатӣ ва ҳам хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, дар бораи ваксинаҳо маълумоти зиёд надоранд. Зоҳиран ҳамин надоштани маълумот боис шуда, ки бархе онҳо намехоҳанд зидди COVID-19 эм карда шаванд. Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе Раҷаб Насриддинов мегӯяд, пизишкони оилавӣ барои гирифтани ваксина назди онҳо омаданд, вале ӯ қабул накардааст. Чун ба гуфтаи Насриддинов, “ба ягон намуд ваксина бовар надорам.”

Вале пизишкон мегӯянд, рӯзҳои ахир теъдоди хоҳишмандон барои эм гирифтан бештар шудааст. Маъсума Бӯриева, пизишки маркази саломатии рақами 13 мегӯяд, рӯзи гузашта онҳо 1170 нафарро ваксин задаанд. "Табибони оилавӣ хона ба хона гашта, мардумро даъват карда истодаанд. Дирӯз 5-6 корхона омад, масҷидҳо рафта ваксина гузарондем. Имруз баъди нисфирӯзӣ боз ба корхонаҳо меравем. Ҳеч касро маҷбур накардем, худашон хоҳиш доранд,”-афзуд пизишк.

“Оё бе гирифтани ваксина ба масҷид роҳ намедиҳанд?”

Рӯзи гузашта дар бархе аз масҷидҳои шаҳри Душанбе ҳам аз сокинон даъват шуд, ки ваксина бигиранд. Аз ҷумла имом-хатиби Масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур қабл аз намози пешин аз намозгузорон, ба вижа афроди синашон аз 60 сола боло хоҳиш кард, ки номнавис кунанд, чун табибон ба масҷид омада, онҳоро эм мекунанд. Ин рӯҳонӣ ҳамзамон афзуд, ки пас аз ваксиназанӣ ба афроди эмшуда санад бо се забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода мешавад, ки дар сафар ба хориҷ аз кишвар ба онҳо кӯмак мекунад.

Рӯзи ҷумъаи 25-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо хабарҳое нашр шуд, ки гӯё аз намозгузорон талаб шудааст, ки ба масҷид танҳо бо шаҳодатнома ё санаде ҳозир шаванд, ки воксини зидди коронавирус гирифтани онҳоро таъйид мекунад. Дар акси ҳол, ба масоҷид роҳ дода намешаванд. Хабаре, ки мақомот онро рад карда мегӯянд, имомхатибҳо ба намозгузорон танҳо тавсия доданд, ки бар зидди коронавирус эм кунанд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Ваксингузаронӣ дар масҷидҳо довталабона будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфт, “он сару садое, ки бидуни сертификати ваксин намузгузоронро ба масҷид иҷоза намедиҳанд, асос надорад ва намозгузорон озодона ба масҷид ворид шуданд.”

Таваҷҷуҳ ба эм кардан баъди хуруҷи дубораи коронавирус

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека" ва "КоронаВак" гирифтааст. Ҳардуи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ройгон дода шудаанд. Мақомот қаблан аз бетаваҷҷуҳии сокинон ба гирифтани ваксина нигаронӣ кардаанд. Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, вазъият ҳоло тағйир кардааст.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин дам дар кишвар зиёда аз 153 ҳазор нафар зидди COVID-19 эм карда шудаанд. Ба гуфтаи Мирзоев, маъракаи ваксинагирӣ “бо ҷӯшу хурӯш рафта истодааст.”

Дар ин миён бархе аз кормандони идораҳои давлатӣ гуфтанд, сарфи назар аз хоҳиш доштан ё надоштан, онҳоро ваксина мекунанд. Яке аз ин кормандон гуфт, эм гирифтани зидди коронавирус бад нест, вале нахуст бояд дар бораи ваксина ва пайомадҳои эҳтимолии он ба мардум маълумот дода шавад.

Мақомот дар шароите ба ваксиназании умумии сокинони Душанбе оғоз мекунанд, ки бемории КОВИД-19 дар кишвар дигарбора хуруҷ кардааст. Баъди панҷ моҳи ба гуфтаи мақомот орӣ будани Тоҷикистон аз COVID-19, Вазорати тандурустӣ рӯзи 21-уми июн аз хуруҷи дубораи беморӣ дар кишвар хабар дод. Эътирофи мақомот дар бораи мавҷудияти коронавирус баъд аз он садо дод, ки расонаҳо аз гирифтории даҳҳо нафар ба COVID-19 хабар доданд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд, вале бархеҳо ба ин омор шубҳа доранд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG