Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкони тоҷик гуфтанд, як зани 100-соларо аз коронавирус табобат карданд


Шарофат Қодирова ҳангоми гусел аз бемористон ба хонааш
Шарофат Қодирова ҳангоми гусел аз бемористон ба хонааш

Пизишкони тоҷик хабар доданд, ки як зани 100-соларо аз чанголи коронавируси нав халос кардаанд.

Шарофат Қодирова, корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бемористони касалиҳои сироятии Душанбе бистарӣ буд. Ӯ 11-уми июл аз шифохона ҷавоб шуд.

Аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, дар умум, 13834 нафар бемор шуда, 13535 кас шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, 103 нафар ҷони худро аз даст доданд, вале шубҳаҳо дар бораи дурустии омори расмӣ ҳамчунон боқист. Сокинон шумораи беморону қурбониёнро бештар аз ин медонанд.

Шубҳаҳо пас аз он пайдо шуд, ки мақомоти Тоҷикистон танҳо дар охири моҳи апрели соли гузашта ва дар пайи фишори дохиливу берунӣ вуҷуди бемории ҳамагирро эътироф карданд.

Аз моҳи январи имсол то охири моҳи июн пойфишорӣ доштанд, ки дар кишвар гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст ва кишвар орӣ аз бемории ҳамагир аст. Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар сокинон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG